Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, манбаъҳои маҳаллӣ дар Қунайтраи Сурия эълом карданд, ки нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ бо бархурдорӣ аз пуштибонии чархболҳои артиши Исроил вориди шаҳри «Ҷаботату-л-Хашаб» дар ҳудуди Қунайтра, воқеъ дар ҷануби Сурия шуданд.
Манбаъҳои Суриягӣ эълом карданд, ки нерӯҳои душмани саҳюнистӣ пас аз вуруд ба рустои Ҷаботату-л-Хашаб дар ҳудуди шимоли Қунайтра, хонаҳои шаҳрвандони суриягиро тафтиш карданд.
Нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе низ вориди рустоҳои Ал-Мушайрифа ва Уфония ва шаҳраки Ал-Аҷраф дар ҳудуди Қунайтра шуданд.
Чанд рӯз қабл низ низомиёни режими саҳюнистӣ вориди ҳудуди рустоҳои Ал-Ҳуррия ва Уфония дар ҳудуди шимоли Қунайтра шуданд.
Гуфтанист, ки режими саҳюнистӣ аз замони суқути низоми собиқи Сурия, даст ба ҳамлаҳои густарда ба Сурия задааст ва чанде қабл низ ба баҳонаи ҳимоят аз Друзиҳо, манотиқе аз Димишқро бомбаборон кард.
Аз замони суқути низоми Башшор Асад, артиши ин режим бо убур аз хатти ҳоил байни минтақаи ишғолии Ҷӯлон бо Сурия, ба идомаи ишғоли манотиқи наздик ба Ҷӯлон дар устонҳои Даръо ва Қунайтра пардохтааст.
Your Comment